Дипломатҳои амрикоӣ гирифтори вируси корона шуданд

Вазорати умури хориҷаи Амрико доштааст, ки 20 тан аз дипломатҳо, корфармоён ва кормандони маҳаллии сафорати ин кишвар дар Кобул ба вируси корона мубтало шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Як дипломати амрикоӣ эълом кард, бо вуҷуди ин ки ҳамаи тадбирҳои амнияти беҳдоштии коркунони сафорати Амрико дар Кобул фароҳам будааст боз ҳам озмоиши вируси коронаи гурӯҳе аз онҳо, ки теъдодашон ба 20 тан мерасад мусбат шуда ва онон таҳти муроқибатҳои вижаи беҳдоштӣ қарор гирифтанд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Беш аз 24 000: омори ҷадиди фавт ва сироятшавӣ ба COVID -19 дар Афғонистон

Пеш аз ин теъдоде аз неруҳои амрикоии мустақар дар пойгоҳҳои Созмони Атлантики шимолӣ (НАТО) ва пойгоҳҳои низомии ихтисосии Амрико дар  Афғонистон низ ба вируси корона мубтало шуда буданд.

Вазорати беҳдошти Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард, дар ин кишвар ба 28 ҳазору 424 нафар ба вируси корона олуда шудаанд.

Бояд гуфт, ки ахиран Устондори Кобул ва сарпарасти Вазорати беҳдошти Афғонистон, таъкид доштааст, ки теъдоди воқеии фавтидаҳо ва беморони коронавирус дар ин кишвар нисбат ба он оморҳое, ки дар расонаҳо нашр мешаванд ба маротиб зиёд мебошад

Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ, устондори Кобул ва сарпарасти Вазорати беҳдошти Афғонистон, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт, эҳтимол дорад беш аз як миллион нафар фақат дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба бемории коронавирус мубтало шуда бошанд.

Устондори Кобул аз тамоми шаҳрвандони Афғонистон хост, то тавсияҳои Вазорати беҳдоштро ҷиддӣ бигиранд ва аз гаштугузорҳои ғайризарурӣ худдорӣ кунанд, зеро бетаваҷҷӯҳии онон ба фоҷеа дар ин кишвар хоҳад анҷомид.