Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Муроҷиати пурдарди пизишки қазоқ ба мардум: "пулу дору нест, худатонро ҳифз кунед"

Пизишки дармонгоҳи шаҳрии № 4 – и Алмаато дар робита ба авҷи маризии коронавирус дар Қазоқистон муроҷиати пурдарди аудиоиро сабт намуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Муроҷиати аудиоии табиби дармонгоҳи шаҳрӣ, Болат Тусупханов зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт.

"Ба ҳамаи шумо муроҷиат мекунам. Ман пизиш ҳастам ва фикр мекунам ба гапи ман бовар мекунед. Алъон дар буҷа барои мубориза бо маризии коронавирус маблағ нест. Мардум дигар аз ин мушкилӣ гурез мекунанд. Ба қарантин мераванд ва аз пайи ҳалли проблемма намешаванд", - афзудааст пизишки қазоқ дар муроҷиати худ ба мардум.

Ба изҳори ӯ ду табиби ҷарроҳ, ки пайваста бо маризони коронавирус дар тамос буданд, худ мубталои ин беморӣ гардиданд.

Хурӯҷи нахуствазири Қазоқистон аз карантин

"Яке аз онҳо муддати давроз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт. Вазъияташ хеле вазнин буд, вале хушбахтона бо азоби зиёд шифо ёфт. Имрӯз як табиби дигар ҳам мариз шуд. Мо пайваста бо ӯ дар як ҷо хӯрок мехӯрдем ва зиндагӣ мекардем. Эҳтимол мо ҳам олудаи ин маризӣ шудем", - изҳор доштаст Тусупханов.

Бозгашти қарантина ба Қазоқистон бинобар хуруҷи дубораи коронаврус

Табиби қазоқ мегӯяд, феълан дармонгоҳҳои Алмаато аз маризон пур шудааст. Ӯ мегӯяд дар палатаҳо ва шӯъбаи эҳёгарӣ барои хобондани маризон ҷой нест.

"Ин ҳақиқати талх аст. Худатонро ҳифз кунед. Ҳоло ҳеҷ кас хоҳиши анҷоми кореро надорад ва дору ҳам нест. Барои сар назадани бетартибиҳо касе чизеро гуфта наметавонад", - бо таассуф изҳор доштааст ӯ.

Зикр мегардад, ки муроҷиати аудиоии пизишк мавриди тафтиш қарор гирифт ва собит шуд, ки дар асл ҳам ин табиб дар дармонгоҳи шаҳрӣ фаъолият мекардаст.

Бар тибқи маълумоти тафтишотӣ, пизишк гӯё муроҷиати мазкурро танҳо барои пайвандон ва дӯстони худ сабт намуда ирсол кардаст, вале баъдан он дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт.