ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Бино ба гузориши Аакбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд, боздоштшудаҳо Ҷамолиддин Насирови 27 сола ва Азамат Рустамови 21 сокинони ноҳияи Синои пойтахт, инчунин як нафари дигар, ки дар пайгард қарор дорад, будаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 8 июн сар зада боздоштшудаҳо танҳо дар як шаб 16 нақлиёти сокинонро ғорат карда ба онҳо зарари молӣ расонидаанд.
Гуфта мешавад, ҳадафи дуздон танҳо мошинҳои гаронарзиши тамғаи “Мерседес” , “БМВ” ва “Тайёта” қарор гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, ғоратгарон оинаи мошинҳои дар назди биноҳои истиқоматӣ гузошташударо шикаста, аз дохили он молу ашёҳои қиммат, аз қабили ноутбуку телефон ва пулро мерабудаанд.
Зарари расонида ба соҳибони нақлиётҳои ғоратшуда беш аз 80 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳолатҳои дуздӣ нисбат бу гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишот идома дорад