Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ меравад

Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагӣ доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар ҷаласаи шаҳрдории Хоруғ, таҳти раёсати ноиби раис, Райҳонбегим Мавлобахшзода омодагиҳо ба сафари Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуданд, хабар дод “Оинаи зиндагӣ”, нашрияи расмии шаҳрдорӣ.

Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео

Гуфта мешавад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ то ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар назар аст, аммо феълан санаи дақиқи он ироа нашудааст. Ин сафар аз нахустин боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ дар аҳди роҳбарии Ёдгор Файзов дар вилоят хоҳад буд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки  ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ,  илова ба 378 иншооте, ки тибқи қарори Ҳукумат тасдиқ гардидаанд, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегардад.

Қарори Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили ҷашни бузург дар Хоруғ

“Аз ин шумора ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 400, вилоятҳои Суғд 6000, Хатлон 5000, шаҳри Душанбе 3530 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 3422 иншоот рост меояд. Яъне бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои нав, ки боиси хеле ободу зебо шудани кишвари азизамон ва ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ мегарданд, майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат мебошад”, - изҳор дошта буд раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо соҳибкорон.