Аз Аврупо ба Тоҷикистон: Ошкорсозии шабакаи нашъаҷаллобон ва ҷустуҷӯйи Рамазонзода Зафар

Раёсати Вазорати корҳои дохилаи пойтахт дар пайи амалиётҳои хеш се шабакаи нашъаҷаллобонро ошкор кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik. Тибқи гузориши ин ниҳод, пулиси пойтахт дар пайи амалиёт 2224 ҳаби экстазиро мусодира кардааст, ки ба нашъачаллоб Рамазонзода Зафари Хуршед тааллуқ доштааст.

Ғорати 16 мошини гаронарзиш дар як шаб аз сӯи ду ҷавон дар Хуҷанд

Ба иттилои манбаъ, Рамазонзода Зафари 28 сола зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ба гуфти мақомот ҳоло дар Аврупо қарор дорад , маводҳоро тариқи мошинҳои боркаш  дар қуттиҳои чой пинҳон карда,  ба Душанбе фиристодааст.

Мақомот мегӯяд, номбура тайи ду соли ахир яке аз нафарони асосии воридкунандаи ҳабҳои экстазӣ аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ мегӯяд, масъули паҳнсозии борҳои фиристодаи Рамазонзода дар Душанбе Содиқов Собирҷон Шовалиевичи 32 сола сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт будааст, ки дар пайи амалиёт боздошт гашт.

Гуфта мешавад, ҳабҳои наркологии синтетикӣ дар марказҳои дилхушӣ ва диско-клубҳо тақсим карда мешуд, ки он яке аз навъҳои сахтаъсиртарини маводи мухаддир мебошад.

ВУД мегӯяд Зафар Рамазонзода ҳоло бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар пайгарди байналмилалӣ қарор дода шудааст.

Ин ниҳод ҳамчунин се сокини ноҳияи Дарвоз Давлатмирзо Гулмирзоеви 63-соларо бо бародарзодаҳояш Алишеру Алидод  боздошт кардааст, ки мехостанд 23 кило афюнро дар Душанбе ба фурӯш бароранд.

Аҷабо: боздошти "банда"-и занони нашъаҷаллоб дар Душанбе

ВУД ҳамчунин  бо гумони нашъаҷаллобӣ  Нуров Амиршо сокини  шаҳри Бӯстон, соли таваллудаш 1953  ва Аъзамҷон Ҷӯрабеков, сокини ноҳияи Ҷайҳун, соли таваллудаш 1958-ро боздошт кардаву аз онҳо 15 кило маводи мухаддирро мусодира кардааст.