Арӯсу домод ҳам бояд ниқоб банданд: туйи хонадоршавӣ дар замони COVID -19

Маркази назорати давлатии санитарию ва эпидемологии Суғд бо хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории “вируси корона” барои баргузории туйи хонадоршавӣ ба масъулини тарабхонаҳо дар шаҳру навоҳии вилоят тавсияҳои беҳдоштӣ ироа кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID -19 шурӯъ аз имрӯз 20 уми июн ба гузаронидани маъракаҳои арӯсию домодӣ дар кишвар иҷозат дода шудааст.

Абдуғаффор Ҷабборов, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, масъулони ин ниҳод, ҳамаи туйхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро назорат карда, барои дар доираи риояи беҳдоштӣ баргузор шудани маъракаҳо тавсияҳо додаанд.

"Ба ҳамаи роҳбарони туйхонаҳо пешниҳод дода шудааст, ки баргузории маъракаҳоро дар доираи муқарраротҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 доир намоянд. Даромад бо ниқобҳои муҳофизатӣ барои ҳар як иштирокчии туй, ҳатто арӯсу домодро назорат кунанд, фосилаи ҷои нишаст барои иштирокчиёнро нигоҳ доранд. Инчунин дар даромадгоҳҳо бояд дастгоҳҳои ҳароратсанҷ (тепловизор) фаъол карда шуда маводи антисептикӣ, дастмолҳои яккарата ва маводи дастшӯӣ (собун) таъмин карда шавад”, - гуфт Ҷабборов.

Сардори Идораи назорати санитарию эпидемологии Суғд афзуд, риояи ин муқарраротҳо дар вақти баргузории маъракаҳо, аз сӯи кормандони ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳо назорат мешавад.

Заҳролудшавии 174 кас дар тӯй: сабаб муайян шуд

Дар Тоҷикистон ба дунболи сапти нахустин мавриди бемории коронавируси навъи COVID -19 дар рӯзи 30-уми апрел, беш аз дуюним моҳ ба ин тараф баргузории маъракаҳои хонадоршавӣ манъ шуда буд.

 Рӯзи 17 уми июн, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID -19 қарор қабул кард, ки сар аз 20 уми июн дар ҷумҳурӣ, барои гузаронидани туйҳои хонадоршавӣ иҷозат дода шавад.

Бар асоси ин қарори Ситод ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии “вируси корона” туйҳои хонадоршавӣ муваққатан бо ширкати танҳо 100 нафар иҷозат шудааст.

 Дар Тоҷикистон ҳамасола то 60 ҳазор бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад, ки аз ин шумор бештар аз 23 ҳазор маврид ба вилояти Суғд рост меояд.