ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, худкушии зан дар пайи ҷанҷоли охир барои чойи хунук рух додааст.
Ба иттилои Додситонии кул, Раҳимов 11 феврали соли 2020 тахминан соати 21:00 дақиқа, ҳамсараш Раҳимоваро бо баҳонаи он, ки ба ӯ чойи хунук наовардааст, дар бистари хобаш бо дастонаш зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
"Дар натиҷа Раҳимова 13 феврали соли 2020 тахминан соати 17:30 дақиқа дар болои боми оғилхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи худовезӣ худкушӣ кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ тавзеҳ додаст, ки Раҳимов Гуломҷон Элашович, сокини деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти "Ҳаёти нав"-и ноҳияи Ҷ.Расулов 8 ноябри соли 2001 бо шаҳрванд Раҳимова Онаҷон Исроиловна ақди никоҳ баста, давоми зиндагии якҷояашон мунтазам ҷанҷолу муштзӯрӣ мекардааст.
Додгоҳи ноҳияи Ҷ.Расулов шавҳарро барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш ба муҳлати 6 сол равонаи зиндон кард.