“Хатари табиии хориҷӣ”: ҳамлаи малах чӣ тавр ақиб зада шуд?

Малахҳо аз Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон парвоз мекунанд ва эҳтимолияти зарар ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳоро зиёд кардаанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Тибқи иттилое, ки маркази матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, хисороти бештарро навоҳии вилояти Хатлон, бахусус Вахш, ки дар гузашта аз малах зиёд осебпазир набуд, мутаҳаммил шудаанд.

Бино ба ин манбаъ, дар ҷамоати деҳоти “Машъал” – и ин ноҳия малахҳо ҳудуди 200 м2 кишти пахтаро пурра нобуд кардаанд.

 “Он замон гурӯҳи кории ниҳодҳои кишоварзии ноҳия маълум карданд, ки малах аз талу теппаҳои барои коркарди кимиёвӣ дастнорас парвоз карда, дар аксари чарогоҳҳои ин ҷамоат ва қисман дар майдони зироатҳои кишоварзӣ барои ҷуфтшавӣ ва тухмгузорӣ паҳн гардида, рӯзона ба майдони зироатҳои кишоварзӣ парвоз намуда, заррари моддӣ мерасонад”, - омадааст дар иттилоияи вазорати кишоварзӣ.

Дар бораи вусъат ва шиддати паҳншавии малах дар Вахш ин рақамҳо низ шаҳодат медиҳанд, ки то 28 май дар ин ноҳия 4980 га замин ё 1780 га зиёд аз нақша коркарди кимиёвӣ шудааст ва заҳрдору ҳам, ки 607 литр пешбинӣ шуда буд, дар асл 1585, ё 978 литр зиёд ба харҷ рафт.

Дар Тоҷикистон "Экспидитсияи мубориза бар зидди малах" ташкил шудааст

 Гузашта аз ин, муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” - и Тоҷикистон ба таври иловагӣ 120 литр заҳрдору (40 литр каратэ, 40 литр фастак ва 40 литр нурел Д), ду трактори МТЗ 82 бо дорупошаки ОВХ – 600 ва ду адад трактори МТЗ 82 бо дорупошакҳои ТОС – 2000, инчунин 13 коргари мавсимиро бо дорупошакҳои дастию муҳаррикӣ (20 адад) сафарбар кард.

 “Аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ боз 25 нафари дигарро бо 28 адад дорупошакҳои дастию муҳаррикдор ба кор ҷалб намуда, то 31 май дар пайи коркарди кимиёвии фаврӣ малахҳое, ки парвоз карда омаданд, пурра нобуд карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи вазорати кишоварзӣ.

Ҳамлаи дуюм Аммо ин охири кор набуд. “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” 2 июн дигарбора ба ҷамоати деҳоти “Машъал” барои ошноӣ бо вазъи паҳншавӣ, зарари малах ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзору чарогоҳҳо шинос шуда, ба ин натиҷа расид, ки малах боз дар марҳилаи ҷуфтшавӣ ва тухммонӣ қарор дошта, хатари рӯзона ба майдони зироатҳои кишоварзӣ ҳамла оварда, заррари моддӣ расониданаш вуҷуд дорад.

“Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” аз захираҳои худу идорааш дар Хатлон боз 200 литр заҳрдору, 2 трактор бо дорупошаки ОВХ – 600, 2 трактор бо дорупошакҳои ТОС – 1600 ва 2000, се автомашинаи махсуси “Тайота Хайлюкс” бо дорупошакҳои “Микронейр” АУ-8115 фиристода, дар давоми 4 рӯз беш аз 600 га заминро коркарди кимиёвӣ ва хатари малах ба зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзорро бартараф кард.

“Дар ин чорабинӣ 13 коргари мавсимӣ бо 20 ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 25 нафари иловагӣ бо 28 дорупошаки дастию муҳаррикӣ ҷалб гардида, то 5 июн пеши роҳи зарароварии малах гирифта шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Малахҳои хориҷӣ Тибқи иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то 5 июли соли равон дар саросари кишвар 93 ҳазору 500 га майдони паҳнгаштаи малах коркарди кимиёвӣ шудааст, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 59 ҳазору 640 га, вилояти Суғд – 24 ҳазору 516 га, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – 9 ҳазору 89 га ва ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 255 га, ки ҳамагӣ 91,0 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳуҷуми малах ба заминҳои вилояти Хатлон

Аммо вазъи вилояти Хатлон чун солҳои қаблӣ вижа боқӣ мемонад.

Имсол дар ин вилоят вобаста ба вазъи пайдоиш ва паҳншавии малах нисбат ба дурнамо зиёдтар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шудааст.Аз ҷумла дар ноҳияҳои Панҷ ба ҷойи 5025 га, 7315 га, Ҷ.Балхӣ ба ҷои 2100 га, 3745га, Вахш ба ҷойи 3200 га, 5880 га замин коркарди кимиёвӣ шудааст.

 “Айни ҳол дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ парвози малахҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя – Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад, ки эҳтимолияти расонидани зарар ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳоро зиёд мекунад”, - омадааст дар иттилоияи вазорати кишоварзӣ.

Вилояти Хатлону Бадахшон бо Афғонистон ва Суғд бо Ӯзбекистону Қирғизистон ҳаммарз мебошанд.

Малахҳо аз ин вилоёт ба навоҳии тобеи марказ нуфуз мекунанд.