Боздошти раиси Суди ноҳияи Айнӣ: 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст

Шараф Турсунзода, раиси Суди ноҳияи Айнӣ бо гумони гирифтани ришва аз ҷониби мақомоти Раёсати Ожонсии мубориза бо коррупсия боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Васлибек Назриён, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсия дар Раёсати Ожонсӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шараф Турсунзода, раиси Суди ноҳияи Айнӣ барои тадбиқ накардани ҷазо нисбати судшавандагон 15 ҳазор сомонӣ ришва талаб кардааст.

 “Раиси Суд, санаи 3-уми юни соли 2020, 10 ҳазор сомонӣ маблағи пораро гирифта, инчунин оварда додани 5 ҳазор сомонии дигарро аз шаҳрвандон талаб намудааст. Санаи 6 уми июни соли 2020 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Ш. Турсунзода баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора, дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст”, -  гуфт Назриён.

Дар бораи дастгир шудани раиси Суди ноҳияи Айнӣ, бо гумони порагирӣ рӯзи 17-уми июн сомонаи Агентӣ иттилоъ нашр кардааст.

Боздошти раиси суди Гулистон ва корманди Додгоҳи олӣ: ду ҳазор доллар пора гирифтаанд

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур  аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд ошкор карда, шуда, тафтиши онро мақомоти болии ин ниҳод пеш мебаранд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Суди ноҳияи Айнӣ гуфт, дар пайи боздошташ Шараф Турсунзода рӯзи 15-уми июн бо фармони Президенти Тоҷикистон бинобар содир намудани кирдоре, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз мақомаш барканор шудааст.

Зимнан ба иттилоъи манобеъи мақомоти мубориза бо коррупсия алайҳи Шараф Турсунзода бар асоси қисми 3 юми моддаи 319 и Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.