ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Аз Душанбе ба Русия як парвози дигари чартерӣ анҷом дода мешавад. Рӯзи парвозро ҷонибҳои Тоҷикистону Русия ба самти Душанбе - Новосибирск - Екатеринбург дақиқ кардаанд.
"Бино бар реҷаи пешакӣ, парвози махсуси Душанбе - Новосибирск - Екатеринбург, ки шаҳрвандони Русияро ба кишвар интиқол хоҳад дод, 22 июн соати 14:25 анҷом дода мешавад", - менависанд расонаҳои Русия.
Таъкид карда мешавад, ки тариқи ин парвоз танҳо шаҳрвандони Русия, ки дар вилоятҳои Новосибирск, Иркутск, Томск, Кемерово, Омск, Свердловск, Челябинск, Курган, Тюмен, Перм, ҷумҳурии Бошқирдистон, минтақаи Ханти-Мантинск, ҷумҳурии Кома, минтақаи худмухтори Ямало-Ненетс, вилояти Алтай, ҷумҳурии Алтай, вилояти Красноярск, ҷумҳуриҳои Тива ва Хакасия зиндангӣ мекунанд, сафар карда метавонанд.
Мусофирон сараввал бояд худро дар сайти "Госуслуги" ба қайд гиранд. Шумораи ҷой дар ҳавопаймо маҳдуд аст.
Қарори Ситод дар бораи парвозҳо ба Дубай, Ӯзбекистон, Русия ва Туркия
Рӯйхати масофирон дар асоси бақайдгирии онҳо дар сайти "Госуслуги" тартиб дода мешавад.
Бино бар маълумоти ширкати "Уральские авиалинии" арзиши билет барои ҳар як нафар ва кӯдаки то 2-сола 400 евро, барои кӯдакони то 2-сола 40 евро (бе ҷои нишаст) мебошад.