Афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон - шарҳи коршинос

Маъруфҷон Мадаминов, коршиноси ӯзбекистонӣ, мудири Ташхисгоҳи вабо ва Маркази ҷумҳуриявии тоун ва инфексияҳои махсусан хавфнок сабабҳои бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар Ӯзбекистонро тавзеҳ дод
Sputnik

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар рафти маҷлис бо масъулин гуфт, ки ваъи коронавирус дар кишвар хислати мураккаб мегирад.

Афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон - шарҳи коршинос

 

Бад шудани вазъи эпидемиологӣ аз нармтар шудани карантин ва кӯшиши ҳукумати Ӯзбекистон дар дастгирии иқтисод мебошад, мегӯяд Маъруфҷон Мадаминов.

"Ҳафтаи гузашта марҳилаи навбатии сабуктар кардани карантин ба роҳ монда шуд ва дар минтақаҳои "зард" ва "сабз" ба ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ иҷозат доданд. Дар натиҷа баъди 5 - 6 рӯз шумораи гирифторони коронавирус бештар шуданд", - гуфт ҳамагиршинос.

Қарори Ситод дар бораи парвозҳо ба Дубай, Ӯзбекистон, Русия ва Туркия

Ба қавли вай, сабаби аввали бадтар шудани вазъи эпидемиологӣ баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз хориҷ аст.

Бино бар маълумоти коршинос, дар 50-70 шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки аз хориҷ баргардонида шуда, ба қарантина фиристода буданд, КОВИД-19 пайдо карданд.

Ба гурӯҳи дувум ронандаҳои мошинҳои боркашони байналмилалӣ ворид мешаванд.

"Барои зарар надидани иқтисод, мо агарчӣ марзҳоро баста бошем ҳам, барои мошинҳои боркашони байналмилалӣ кушода монда будем. Дар байни ронандагони чунин мошинҳо низ коронавирус пайдо намуданд", - тавзеҳ додааст вай.

Тамдиди чораҳои қарантинӣ дар Ӯзбекистон: то 1 август

Афзун бар ин, дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар ба ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, байнишаҳрӣ ва ба фаъолияти марказҳову бозорҳо иҷозат дода шудааст, ки ин ҳам ба вазъи кунунӣ бетаъсир намондааст.

 

Вирусшинос мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо масъулини соҳа наметавонанд манбаи сироятёбиро муайян кунанд.

"Агар вазъият бадтар шуда бошад ҳам, зери назорат қатъист",  - боварӣ дорад коршинос.