Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Як фавт ва 61 ҳолати нав: охирин омори CОVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон охирин омори гирифторони коронавирус дар кишварро нашр кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат шабонарӯзи гузашта дар кишвар 61 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Танҳо як маърака ва 100 нафар: Тоҷикистон гузаронидани тӯйҳои хонадоршавиро иҷозат дод

Бино ба иттилои манбаъ, шумори умумии гирифторон сар аз эълони ин беморӣ дар кишвар то соати 18:00 дақиқаи 17 июн  ба  5221  нафар мерасад.

Манбаъ мегӯяд, бо нишонаҳои ин беморӣ то ҳол 51 нафар фавтидаву 3700 (70.8%)  нафар шифо ёфтаанд.

Ба иттилои вазорат, ки ҳоло дар мамлакат 310 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми як шабонарӯзи охир 76 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ба таъкиди вазорат имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ шуда, дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Русия ба озмоиши ваксин алайҳи коронавирус оғоз кард

"Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд",-афзудааст манбаъ.