Истеъфои директори бошгоҳи "Истаравшан" баъди шикасти дастааш аз тими "Хуҷанд"

Асрор Шораҷабов, директори бошгоҳи “Истаравшан” баъди шикасти дастааш аз тими “Хуҷанд” аз мақомаш истеъфо дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри “Истаравшан”ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Шораҷабовро касе аз мақомаш барканор накардааст ва ӯ бо хоҳиши худаш аз мақомаш истеъфо дод.

Ғалабаи бузурги "Истиқлол" бар "Регар-ТадАЗ" пас аз танаффус дар футбол

Ба иттилои манбаъ истеъфои Шораҷабов шоми дирӯз пас аз бозии даври 5-уми Лигаи олӣ байни дастаҳои “Истаравшан” – “Хуҷанд” сурат гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи телевизиони “Варзиш”.

Манбаъ мегӯяд, Асрор Шораҷабов мутахассиси хуб буда, барои эҳёи тим корҳои назаррасе кардааст ва беш аз 10 сол аст, ки бо даста буд.

Ёдовар мешавем дар бозии рӯзи гузашта тими “Истаравшан” аз дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд.

Ҳамин тариқ тими “Истаравшан” дар ҷадвали Лигаи олӣ миёни дастаҳо бе ягон имтиёз дар зинаи охир ҷой гирифт.

Дар даври шашуми мусобиқоти Лигаи олӣ дастпарварони Алиёр Ашурмамадов дар меҳмонӣ бо қаҳрамони феълии кишвар бошгоҳи “Истиқлол” рақобат хоҳанд кард.