ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тими “Истиқлол”шоми гузашта дар дар даври панҷуми мусобиқоти Лигаи олии футболи кишвар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро шикаст дод.
Бозӣ шоми гузашта дар майдони “Регар-ТадАЗ” доир гашта бо ҳисоби 6:1 ба фоидаи “Истиқлол”хотима ёфт.
Голҳои нахустини “Истиқлол” -ро дар нимаи аввали дидор Эҳсони Панҷшанбе ва Шериддин Бобоев заданд.
Чор голи дигари тими пойтахтро Алишер Ҷалилов, Вахит Оразсаҳедов, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Рустам Соиров дар даври дуввуми рақобат ба ҳадаф расониданд.
Ягона голи тими "Регар-ТадАЗ”-ро Оятулло Сафаров дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонид.
Ҳамчунин дар ин даври мусобиқот бозӣ миёни дастаҳои "Истаравшан" ва "Хуҷанд" бо ҳисоби 1: 2 хотима ёфт.
Муаллифи голҳои ин бозӣ Амирҷон Сафаров ва Ойбек Абдуғаффоров аз "Хуҷанд" ва Илҳом Баротов аз "Истаравашан" мебошанд.
Тими "ССKA" ва "Файзканд" башад рақобатро бо ҳисоби мусовӣ 1:1 ба анҷом расониданд.