ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар хиёбони Лененский шаҳри Маскав тирпарронӣ рух дод, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба хабари манбаъ, ронандаи таксӣ, ки аз ҷониби кормандони пулис барои нақзи қавонини роҳ боздошта шуд, сӯйи намояндагони мақомоти қудратӣ оташ кушод.
Дар натиҷа як тан аз кормандони пулис сахӣт ҷароҳат бардошта, пизишкон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.
"ФСБ" аз ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ кард: навори тирпарронӣ дар маркази шаҳри Маскав
Ҳамчунин манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки аз тири ронанда пулиси дигар ва инчунин як роҳгузар низ захмӣ шуд.
Манобеи РБК ъабар медиҳад, ки шахсияти ронандаи таксӣ аллакай дақиқ шудаст ва ӯ Ратмин Галаев, зодаи ҷумҳурии Ингушистон буда, 25 - сола аст.
Зикр мегардад, ки Галаев феълан дар боздошт қарор дорад.