Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

"Шаъну шарафро паст зад": Раҳмон Турсунзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Турсунзода Шарафро бинобар паст задани шаъну эътибор аз мақом барканор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Президенти Тоҷикистон бо содир кардани фармонеТурсунзода Шарафро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.

"Турсунзода Шараф бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод карда шавад", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур.

Турсунзода Шараф чор моҳ пеш, 7 феврали соли 2020 аз вазифаи судяи суди ноҳияи Айнӣ озод ва раиси суди ҳамин ноҳия таъин гардида буд.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтае пеш президент Собирзода Зайдулло Фозилро ҳам бинобар паст задани шаъну эътибор аз мақом барканор карда буд.

Собирзода низ ҳамагӣ 4 моҳ пеш – феврали соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи судяи суди ВМКБ барканор шуда, судяи суди шаҳри Ҳисор таъин гардида буд. Тафсилоти кирдори содиркардаи Собирзода оварда нашудааст. Инчунин Баҳром Иноятзода, муттаҳам дар ҷиноёти коррупсионӣ низ аз мақоми раиси шаҳри Кӯлоб барканор гардида буд.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон қарорҳои нави Ҳукуматро имзо намуд

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат дар бораи фасодкории додрасҳо дар кишвар, аз Асадулло Раҳмонов, ёвараш дар умури кадрҳо, Сайммуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Юсуф Раҳмон, додситони кул ва раёсати Ожонси мубориза бо фасод эрод гирифт, ки маълумоти пешниҳодкардаашон дар мавриди бархе кадрҳо саҳеҳу воқеӣ нестанд.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки дар вақти интихобу ҷобаҷогузорӣ, кадрҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд, аммо баъдан маълум мешавад, ки ахбори ироашуда дар мавридашон на он қадар саҳеҳ аст.

“Асадулло Қиматович, дар вақти интихобу ҷо ба ҷо кардани кадрҳо, Саймуъмин Сатторович, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокурори генералӣ, дар бораи ҳар яки инҳо маълумот ҳаст, меомӯзед. Маълум мешавад, ки 50 фоизе, ки мо меомӯзем, рӯякӣ аст. Маълумот ғалат аст. Ахборот на он қадар саҳеҳ аст”, - изҳор дошта буд Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба роҳбарон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, савганд ёд мекунанд, ҳамчун фарзандам насиҳат мекунам, аммо 6 моҳ нашуда, даст ба ҷиноят мезананд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зарурати тоза сохтани мақомоти додгоҳиро аз шахсони тасодуфӣ таъкид намуда, дастур дода буд, ки дар масъалаи интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва пешниҳоди номзадҳо ба вазифаи судягӣ донишу маҳорат ва сифатҳои ахлоқии онҳо мавриди омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.