Мори рамида дар манзили сокини Душанбе ва об дар таҳхона

Дар манзили истиқоматии сокини шаҳри Душанбе мор пайдо шудаасту дар таҳхонаи хонаи истиқоматии дигар об ҷамъ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе соати 10:40 дақиқаи рӯзи 14 – уми июни соли 2020 хабар расида, ки дар таҳхонаи бинои истиқоматии 150/1 кӯчаи Яккачинори ноҳияи Синои пойтахт об ҷамъ шудааст ва хавфи хисорат ба бино таҳдид мекунад.

Садамаи бинои истиқоматӣ дар Душанбе ва кӯчонидани 72 сокин ба ҷойҳои бехавф

КҲФ мегӯяд, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафабар гардида, соати 11:28 дақиқа оби таҳхона пурра кашида ва хавф бартараф карда шудааст.

Соати 13:40 дақиқа як сокини кӯчаи Ҳувайдуллоеви  пойтахт ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дода, ки дар манзили истиқоматиаш мор пайдо шудааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд ва ҳарчанд то соати 14:37 ҷустанд, морро пайдо накарданд. 

Коршиносони КҲФ мегӯяд, эҳтимол меравад мор аз садоҳо рамидаву аз сӯрохе боз берун рафта бошад.