Ҳалокати Зафари 10 сола дар пайи садамаи нақлиётӣ: “Опел-Астра” пахш кардааст

Зафар Наботови 10-сола дар натиҷаи пахши мошин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як писарбаччаи ноболиғ зияни як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.

Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

Бино ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш санаи 13-уми июни соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа  дар шаҳри Кӯлоб рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимов Нурулло Абдулҳамидович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Кулоб, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Ҳакимобод ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди кӯчаи Ҳ.Аҳмар аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Наботов Зафар Қурбоналиевич, соли таваллудаш 2010, сокини деҳаи Корези поёнро пахш намудааст.

Гуфта мешавал, дар натиҷа ноболиғ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Дафтари матбуотии вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.