Даъвати шаҳрдорӣ барои роҳ надодани сокинони навоҳӣ ба Хоруғ то 20 июн

Шаҳрдории Хоруғ даъват кардааст, ки дар постгоҳҳо вуруди сокинони навоҳӣ ба шаҳр бидуни зарурият иҷозат дода нашавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Масъулини шаҳрдорӣ, якҷоя бо нозирони маҳаллӣ ва ризокорон дар Хоруғ имрӯз зимни боздид аз бозори марказӣ муайян кардаанд, ки бархе аз савдогарони маҳсулоти ғайрихӯрока, маҳдудиятҳои муваққатиро нодида гирифта,  ба савдо баромадаанд.

Калонтарин маркази савдоро дар Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон ба истифода медиҳад

Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хоруғ,  дар натиҷа гаштугузори теъдоди зиëди одамон дар шаҳр ба мушоҳида расид.

Мақомоти ВМКБ қаблан тасмим гирифтанд, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳо то 20 июни соли ҷорӣ тамдид карда шаванд.

“Аъзоëни гурӯҳи корӣ аз савдогарон даъват ба амал оварданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиëн то 20 июн аз савдо худдорӣ намоянд. Тибқи иттилои мақомоти дахлдор санаи 15 июн постгоҳҳо дар даромадгоҳҳои шаҳр воридшавии сокинони ноҳияҳоро ба шаҳр иҷозат дода, ин омил боиси ҷамъшавии одамон дар ҳар гӯшаи бозори марказӣ гардид”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Анвар Акрамов, мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ.

Ҳақиқатро бояд гуфт: суҳбати раиси ВМКБ аз беморони бистаришудаи охир ва лағви маҳдудият

Манбаъ афзуд, ки вобаста ба ин, аз масъулини постгоҳҳо, ҷамоатҳои ноҳияҳои вилоят эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки то 20 июн воридшавии безарурияти сокинони ноҳияҳоро ба шаҳр иҷозат надиҳанд.

“Бояд гуфт, ки ҳамаи корҳои ташвиқотию тарғиботӣ фақат баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ равона гардида, ҳар як сокин ӯҳдадор аст, ки баҳри нигоҳдории саломатии худ ва фарзандону наздикони худ масъулият эҳсос намояд. Сироятëбии бемории коронавирус гарчанде дар кишвари мо рӯ ба коҳиш ниҳода бошад ҳам, ин моро бепарво мондан наметавонад. Зеро бепарвоию бемасъулиятӣ нисбати саломатии худ метавонад боз боиси хуруҷи бештари ин беморӣ гардад. Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон қатъиян хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои санитарӣ ва дастуроти мақомоти дахлдорро риоя намоянд”, - таъкид шудааст дар иттилоия.