Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе авали ҳафтаи равон эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1480 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1500 сомонӣ арзиш дорад.

Рубл дигар наметавонад: коршинос аз ҷаҳиши якбораи доллар огоҳ мекунад

Доллар бошад пас аз суқути чандинвақта майли гаронӣ дорад ва мутахассисон низ қаблан болоравии онро пешгӯӣ карда буданд.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2987 то 10.3000  сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6468 то 11.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ поин аст.

Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1460 то 0.1520 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1500 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1470 то 0,1510 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".