Аз санҷиши ҳарорат то дастур ба соҳибкорон: шарҳи директори Корвон аз нахустини рузи корӣ

Ҳалима Мавлонова директори калонтарин бозори пойтахт Корвон гуфт, фаъолияти бозор дар нахустин рӯзи дубора бозшавӣ новобаста аз маҳдудиятҳои якунимоҳа хуб ба роҳ монда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15  июн — Sputnik.  Директор Корвон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бозор бо супориши Рустами Эмомалӣ боз шуда ва дар нахустин рӯз корӣ 80-90 фисади соҳибкорон сари кор буданд.

Бозору тарабхона ва ошхонаву меҳмонхонаҳо дубора дар Тоҷикистон кушода шуданд

Номбурда гуфт,  маъмурияти бозор барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баҳри бехатарии харидорон чораҳои заруриро андешидааст.

“Дар назди даавозаҳои бозор лавҳаҳои риояи қоидаҳои гигиена ва маводҳои безараргардонӣ гузошта шудааст. Ҳарорати нафарони ба бозор воридшаванда санҷида шуда, шахсони масъул бо ҳароратсанҷҳо таъмин мебошанд”,-гуфт  Ҳалима Мавлонова.

Ба гуфти ӯ, ҳар харидор ё соҳибкоре, ки бидуни ниқоб ба бозор ворид шудан мехоҳад аз суи масъулин бо ниқобҳои муҳофизатӣ таъмин карда мешавад, пасон вориди фурӯшгоҳ мегардад.

Директори бозори Корвон ҳамчунин гуфт, барои бехатарӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ соҳибкорон ва масъулини бозор вазифадор карда шуданд, ки фосиларо миёни худ ва харидорон нигоҳ доранд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ба хотири бехатарӣ ҳамарӯза пас аз анҷоми кор дар тамоми қисматҳои бозор ва роҳравҳо безараргардонӣ сурат мегирад.

Омори тозаи гирифторону шифоёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус сар аз аввали моҳи май тамоми бозорҳои фурӯши либос ва пасон нуқтаҳои хизматрасонии дигар муваққатан баста шуданд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус имрӯз маҳдудиятҳо дар ин самт пурра бардошта шуданд.

Танҳо ба соҳибкорон вазифадор гаштанд, ки нуқтаҳо хешро безарар гардонида, қоидаҳои гигиен ва фосиларо риоя намоянд.

Бар пояи оморҳои ахир, аз 30 апрел то соати 18:00 дақиқаи 15 июн дар Тоҷикистон 5 ҳазору 97 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардид. Тайи шабонарӯзи гузашта 62 ҳолати нави сироятёбӣ сабт шудааст.

Аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3 ҳазору 503 нафар, ё 68,7%  шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд.