Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Вазъияти феълии Арабистони Саудӣ дар робита ба афзоиши теъдоди маризони коронавирус бисёр нигаронкунанда аст. Аз ин рӯ, ҳадс зада мешавад, ки имсол маросими Ҳаҷ - 2020 лағв шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ мавориди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус рӯ ба афзоиш аст, хабар медиҳад ИРНА.

Имомхатибон: "Дар хона намоз гузоред!" Кумитаи дин: "Дари масоҷид боз хоҳанд монд!"

Бар хабари манбаъ, шумори гирифторони вируси COVID -19 дар Арабистони Саудӣ аз марзи 123 ҳазор нафар ҳам гузаштааст. Ба маҳзи афзоиш ёфтани теъдоди ҳолатҳои нави сироятшавӣ, эҳтимолияти бекор кардани маросими ҳаҷи имсол шиддат гирифтааст.

Намоз мехонем, бо ниқоб ҳам бошад: масҷидҳо боз мешаванд?

Бар асоси тозатарин гузориши Вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ, рӯзи шанбе ташхиси 3 366 тани дигар аз шаҳрвандони ин кишвар мусбат баромад. Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии дардмандони коронавирус  ба 123 308 нафар расид.

Зимнан, давоми як шабонарӯз дар Арабистони Саудӣ дасти кам 30 мариз ҷон аз даст доданд ва теъдоди қурбониён ба 932 нафар баробар шуд.

Бар асоси ин гузориш, рӯзномаи англисии "Financial Times" ба нақл аз як масъул дар Вазорати Ҳаҷу умраи саудӣ эълом карда буд, ки Арабистони Саудӣ дар андешаи бекор кардани  маросими Ҳаҷи соли 2020 аст.