Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: як тан ҳалок шуд ва яке гурехт

КДАМ убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистонро аз ҷониби чанд қочоқбари афғон пегирӣ кардааст. Дар натиҷа, як нашъаҷаллоб ҳалок ва яке захм бардоштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Афғонистон аз хати сарҳади давлатии Тоҷикистон пешгирӣ гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти КДАМ Тоҷикистон.

Бо афғонҳо бо овози ҳайвон гап мезад: боздошти Раҷабалӣ аз Фархор бо 70 кило нашъа
Манбаъ менависад, ҳодиса шаби 13-ум ба 14-уми уми июн рух додааст.

"Гурӯҳи қочоқбарони трансмиллии афғон бо сардории шаҳрванди ҶИА бо номи Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, тахминан 35-сола, сокини қарияи Навободи вулусволии Чаёби вилояти Тахори ҶИА мақсад доштанд, ки дар минтақаи хизматии дидбонгоҳи сарҳадии "Чубек"-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба таври ғайриқонунӣ хати марзро гузашта, миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол диҳанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, қочоқбарон ҳангоми гузаштан аз минтақаи сарҳадӣ ба фармони гурӯҳи оперативӣ-ҷангӣ дар хусуси таслим шудан, итоат накарда, аз силоҳи оташфишон муқобили онҳо оташ кушоданд.

Дар рафти муқобилияти шадиди мусаллаҳона, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Нафари дуюми узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, новобаста аз гирифтани ҷароҳати сабук, бо истифода аз торикии шаб тавонист ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намояд.

Дар рафти азназаргузаронии макони ҳодиса ҷасади саркардаи қочоқабарон, Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи  полиэтиленӣ бо 10 баста  воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира гардидааст.

Аҷабо: боздошти "банда"-и занони нашъаҷаллоб дар Душанбе

Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад.