Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Тамдиди чораҳои қарантинӣ дар Ӯзбекистон: то 1 август

Комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Ӯзбекистон дар бораи тамдиди чораҳои қарантинӣ дар кишвар, қарор қабул кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Бо қарори Комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Ӯзбекистон вилоятҳои он вобаста ба густаришу олудагӣ ба вирус ,ба минтақаҳои "сурх", "зард" ва "сабз" тақсим шуда ва чораҳои қатъии эпидемикӣ то 1 август нигоҳ дошта мешавад.

Охирин омори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: 29 ҳолат дар як рӯз

Ҳамин тавр, дар ҳудуди Ӯзбекистон то 1 август пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи антисептикҳо ҳатмӣ аст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон ба такя ба гузориши Комиссия.

Дар Ӯзбекистон наздики 4,5 ҳазор нафар гирифтори коронавирус мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Ӯзбекистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Ба наздикӣ мақомоти Ӯзбекистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карда буданд, аммо дар минтақаҳое, ки шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон барқарор карда шуданд.