Путин ваъда дод, ки ҳамаро бо силоҳи нав шигифтзада мекунад

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид кард, ки Русия нисбат ба дигар кишварҳо дар вазъи беназир қарор дорад 
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Русия ба коркарди воситаҳои мубориза бо силоҳи гиперсадоӣ машғул аст, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо телевизиони "Россия 1".

Латифаи Путин дар бораи силоҳ ва соат

Путин таъкид кард, ки силоҳи нав дар ҳомон лаҳза пайдо мешавад, ки дигар кишварҳо артишашонро бо "гиперсадо" муҷаҳҳаз мекунанд.

"Ба фикри ман, вақте ки  шариконамон силоҳи геперсадоӣ месозанд, мо онҳоро шод мекунем, зеро ба эҳтимоли комил мо зидди он воситае ихтироъ хоҳем кард", -   гуфт раисҷумҳур.

"Ба Трамп даф шав мегӯянд": Путин дар бораи бесарусомониҳо дар Амрико

Путин афзуд, ки феълан касе силоҳи гиперсадоиро аз сабаби суръати тези он "гирифта" наметавонад.

"Ҳолати беназири мо дар ҳамин ҷост", - таъкид кардааст вай.

Президент афзуд, ки Русия дар коркардҳои перспективӣ дар ҷойи якум боқӣ мемонад.