Коронавирус: маҳдудиятҳо дар Хоруғ тамдид шуданд

Шаҳрдории Хоруғ эълон кардааст, ки дар пайи пандемия коронавирус дар маркази ВМКБ маҳдудиятҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ то 20 июн тамдид карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Маҳдудиятҳо дар Хоруғ тамдид шуданд, хабар медиҳад ситоди шаҳрии мубориза бо коронавирус дар Хоруғ.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз 14 июн Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус таҳти роҳбарии Кишвар Шамирӣ - раиси шаҳри Хоруғ, ки ба он масъулини мақомоти шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо ва гурӯҳи ризокорони "Даст ба даст" шомил буданд, аз бозори марказӣ ва бозори 20 - солагии Истиқлолият боздид ба амал оварданд.

Тибқи эълони мақомоти шаҳрдорӣ маълум гардид, ки маҳдудияти савдо дар бозорҳо ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ то 20 июни соли равон тамдид карда мешаванд.
Табибони лаҳистонӣ барои табобати бемории вируси корона ба шаҳри Хоруғ сафар караданд

Пештар Ёдгор Файзов дар мулоқот бо ризокорони ВМКБ гуфт,  феълан масъалаи ҳифзи саломатии мардум дар навбати аввал қарор дошта, дар ин бора набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод ва маҳдудиятҳои ҷорӣ дар робита бо коронавирусро фавран бекор кард.

Раиси ВМКБ таъкид намудааст,  ки ҳақиқатро бо амри воқеъ ва далелҳои мавҷуда бояд баён намуд ва омори бистарӣ шудани сокинон дар табобатхонаи Хоруғ тайи рӯзҳои охирро пешниҳод кард.

Файзов аз коҳиш ёфтани теъдоди дардмандони коронавирус дар Бадахшон гуфт

“Рӯзи 10 июни соли 2020 дар табобатхонаи шаҳри Хоруғ ҳамагӣ нӯҳ нафар бистарӣ шуда буд, ки аз инҳо шаш нафар аз шаҳри Хоруғу се нафар аз ноҳияи Шуғнон мебошанд. Таърихи 11 июни соли равон бошад дар ин беморхона 16 нафар сокинон, ки аз онҳо 11 нафар сокинони шаҳри Хоруғ ва панҷ нафар аз ноҳияи Шуғнон, рӯзи 12 июни соли равон дар беморхона ҳамагӣ ҳафт нафар бистарӣ шуда буданд, ки аз онҳо чор нафар аз ноҳияи Шуғнон ва се нафар аз Хоруғ мебошанд”, - гузориши дод нашрияи маҳаллии “Оинаи зиндагӣ” аз қавли Файзов.

Ӯ афзудааст, ки албатта агар чунин тамоюли пастравии беморӣ давоми чанд рӯзи дигар идома ёбад, барои бо тадриҷ бардоштани маҳдудиятҳои ҷорӣ то санаи 20 - 25 июни соли 2020 имконият аст ва дар ин кор ҳамкории ҳамаи табақаҳои ҷомеа муҳим мебошад.

Фавти як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: омори ҷадид барои як рӯз

Ёдгор Файзов ва Кишвар Шамирӣ, раиси шаҳри Хоруғ, дар симои фаъолони гурӯҳи волонтёрони "Даст ба даст", Мақсуд Ғаёсов ва Комёр Мирзоев ба  кулли волонтёрони ВМКБ, ки дар рӯзҳои сахту душвор ташаббуси хайрхоҳона, шуҷоат, ҷавонмардӣ ва лутфу сахои беинтиҳо нишон дода, ба хотири пешгирӣ аз бемории нави COVID-19 ва эмин нигоҳ доштани сокинон аз он шабонарӯзӣ дар хизмати мардум буданд, изҳори сипос намудаст.