Қабл аз сафари Раҳмон: домоди президент ба ноҳияи Мастчоҳ кумак ирсол кард

Шамсулло Соҳибов домоди Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон соҳибкори ватанӣ ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд кумаки тиббӣ ирсол намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik. Шамсулло Соҳибов соҳибкори ватанӣ ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамоно ба ирсоли кумакҳои башарӣ ба манотиқи гуногуни кишвар идома медиҳад.

Кумаки Шамсулло Соҳибов ба пизишкони шаҳри Норак дастрас шуд

Ба навиштаи рӯзномаи "Нигоҳи нав", Шамсулло Соҳибов дар доираи иқдоми неку башардӯстона таҳти шиори "Шифо ва ҳамдилӣ" ба муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитари ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд либосҳои муҳофизатӣ ва ниқобу айнакҳои махсуси тиббӣ дастрас кард.

Кумаки навбатӣ: Шамсулло Соҳибов ба дармонгоҳҳои Кӯлоб лавозимоти тиббӣ фиристод

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, 50 адад либосҳои муҳофизатии тиббӣ, 55 адад ниқобҳои махсус ва ҳамчунин ниқобу айнакҳои тиббӣ аз номи ин соҳибкор ба табибони ноҳияи тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Шамсулло Соҳибов дар доираи иқдоми башардӯстона ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шакли маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра кумак расонид.