ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Султон Тӯраев, директори ширкати "Хуросони Истаравшан", бародари Қурбон Тӯраев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи бародари бузургаш беҳбуд ёфта, рӯ ба барқарорист.
"Пизишкон гуфтанд, ки дигар хатаре ба саломатиашон нест, метавонанд озод сайругашт кунанд. Тасфу бемадорие, ки доштанд, комилан бартараф шудааст. Мо аҳли хонаводаи Тӯраевҳо ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ки барои шифои бародари бузургамон дуо карданд, сипосгузорӣ мекунем", - гуфт Султон Тӯраев.
Қурбон Тӯраев охирҳои даҳаи сеюми моҳи май аз тафси баланду бемадорӣ таҳти назорати пизишкон қарор дошт. Ба қавли бародараш, мавсуф дар хона табобат гирифт.
"Худашон исрор карданд, ки дар хона табобат шаванд. Мо пизишконро даъват кардем ва онҳо он касро таҳти муроқибат гирифтанд", - гуфт Султон Тӯраев.
Қурбон Тӯраев соли 1943 дар маҳаллаи Гузари Боғи шаҳри Истаравшан дар оилаи деҳқон ба дунё омада, хатмкардаи мактаби олии ҳизбии Тошканд аст. Ӯ дар даҳаҳои 70 - 90 раиси Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар навоҳии Айнӣ, Мастчоҳ ва шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ва пас аз соли 1992 як муддат вазири кишоварзии Тоҷикистон кор кард.
Даври короно дар Тоҷикистон: кӣ чӣ сабукӣ мегирад?
Қурбон Тӯраев солҳои 1990 узви Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуда, яке аз чеҳраҳои муассири сиёсатҳои Тоҷикистон буд. Яке аз иштирокдорони иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Яке аз корҳои таърихии ӯ ва бародараш Сайфиддин Тӯраев ин буда, ки дар хунсо кардани тарҳи ҳамроҳкунии вилояти собиқ Ленинобод ба Ӯзбекистон ширкат дошта, дар ҳифзи тамомияти арзии Тоҷикистон саҳм гузоштааст.
Сайфиддин Тӯраев, бародари Қурбон Тӯраев, субҳи рӯзи 30 май, бар асари маризии қалб вафот кард. Ӯ дар гузашта вазири хидмати маишӣ, вакил ва муовини аввали раиси Шӯрои Олӣ ва дар интихоботи президентии 1991 номзад ба президентӣ буд.