Нигаронии Руҳонӣ аз хуруҷи коронавирусу ҳушдораш аз бозгашти маҳдудиятҳо

Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши риояти қоидаҳои беҳдоштӣ гуфт, агар саломатии мардум ба хатар биафтад маҷбурем ҳамаи маҳдудиятҳоро бозгардонем
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона дар Теҳрон афзуд, борҳо такрор кардем чун ин беморӣ ваксина ва доруи қатъӣ надорад, бино барин бояд протоколҳои беҳдоштиро риоят кунем.

Ҳақиқатро бояд гуфт: суҳбати раиси ВМКБ аз беморони бистаришудаи охир ва лағви маҳдудият

"Дар ҳамаи дунё ҳатто дар кишварҳои пешрафта кати бемористонӣ, утоқи муроқиматҳои вижа, пизишк ва ҳамшираи шафкат маҳдуд аст бино бар ин он маҳдудиятро бояд мадди назар қарор диҳем ва муқаррароти беҳдоштиро риоят кунем", - навиштаасти сомонаи Парстудей аз қавли Руҳонӣ.

Манбаъ афзуд, Руҳонӣ аз Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорат хостааст ниқоби тиббии порчаии қобили шустушӯй дар ихтиёри мардум қарор диҳад то ҳама битавонанд ба роҳатӣ аз ниқоби тиббӣ истифода кунанд.

Ӯ таъкид намудаст, ки давлат бояд хадамоти худро ба сурати электронӣ ироа диҳад ва мардум низ то ҳадди мумкин ба сафар нараванд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин аз афзоиши содироти ғайринафтии Эрон дар рӯзҳои ахир ва афзоиши 12 дарсадии тавлид дар ду моҳаи аввали соли 1399 дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта бо вуҷуди буҳрони корона хабар дод ва гуфт Эрон тавонист буҳрони коронаро ба фурсат табдил кунад.