ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтааст, гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба озодии динӣ аз воқеият дур аст, хабар медиҳад "Ховар".
Дар шарҳи ин ниҳоди динии кишвар гуфта мешавад, гузориш на бар пояи хулосаҳо ва маълумоти оморӣ ва тасдиқшуда, балки ба иттилооти ВАО асос ёфтааст.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин мегӯяд, ки хулосаҳои гузориш вазъи воқеиро инъикос намекунанд.
Ин ниҳод алоҳида ба масъалаи таблиғи либоси миллӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
“Интиқоди Амрико аз фишор ба либоспӯшии мазҳабӣ дуруст нест. Чун дар кишвар ягон қонун барои шаҳрвандон пӯшидани либоси хосеро муқаррар накардааст. Ин ҳаққи конситутсионии ҳар шаҳрванд аст”, — гуфтааст Афшини.
Номбурда гуфтааст, ҳар гуна тарғиб барои пӯшидани либоси миллӣ танҳо ба хотири ҳифзи асолати фарҳанги миллӣ аст.
Амрико Тоҷикистонро ба нақзи озодиҳои динӣ муттаҳам мекунад
Ёдовар мешавем, ахиран Амрико Тоҷикистонро мувофиқи қонун "Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ" аз соли 1998, ҳамчун кишвари ташвишовар эътироф кард.