ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ташкилоти Варзиши сабуки ҷаҳон (World Athletics) барои ташкилкунандагони мусобиқот ҷиҳати пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 дар замони пандемия як қатор дастурҳо пешниҳод кард.
Ба иттилоикотиботи Кумитаи миллии олимпӣ, дастуроти манзуршуда аз ҷониби Департаменти тандурустӣ ва илми World Athletics барои баргузории мусобиқаҳо дар ҳавои кушод ва варзишгоҳҳо пешбинӣ шудааст.
Ба ташкилотчиёни мусобиқот пешниҳод гардидааст, ки миёни нафарони бақайдгирифташуда ва иштирокчиён баҳои чорбалаи хатарро гузаронанд. Агар нафаре 2 ё зиёда бал бигирад, бояд то оғози мусобиқа аз ташхиси табибон гузарад.
Ҳамчунин, як қатор дастурот бояд пеш аз оғози мусобиқа иҷро гарданд. Ташкилкунандагони мусобиқот дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан мизи қабул ташкил кунанд, то ҳар нафари воридшуда ҷузвдони қабул дарёфт намояд, ки дар он ниқобҳои яккаратаи тиббӣ, маводи зиддибактериявӣ барои дастҳо, сачоқҳои зиддибактериявӣ ва варақа оид ба шарҳи ҳолати сиҳатӣ ва амнияти чорабинӣ ҳаст.
Алорағми баҳси допинг: Дилшод Назаров ҳамоно беҳтарин дар варзиши сабук дониста шуд
Мусофирон бояд ҳангоми рафтан ба меҳмонхона ва иштирок дар мусобиқа бояд ҳамеша ниқоби тиббӣ пӯшанд. Дар варзишгоҳ бинандагон ва бақайдгирифташудагон бояд дари даромади алоҳида дошта бошанд. Бақайдгирифташудагон дар ҳолате ба ҷои баргузории мусобиқа роҳ дода мешаванд, ки ниқоби тиббӣ пӯшида бошанд ва бо худ маҳлули зиддибактериявӣ барои дастҳо дошта бошанд.
Маслиҳат дода шудааст, ки ҳамаи ҳозирбудагон дар варзишгоҳ, ба ғайр аз варзишгарон ҳангоми иштирок дар мусобиқа ва тамрин, бояд ниқоби тиббӣ пӯшида бошанд. Аз рӯи имкон минтақаи тамрин бояд кушод ва ба варзишгоҳ наздик бошад ва ҷиддӣ зери назорат гирифта шавад.
Ҳангоми мусобиқа шумораи одамон дар майдон то ҳадди ниҳоӣ кам карда шавад, намояндагони расмӣ, ки бо варзишгарон доим дар робитаанд, бояд айнакҳои муҳофизатӣ ё илова бар ниқобҳои тиббӣ ниқобҳои пластикӣ пӯшанд. Варзишгароне, ки ба финиш мерасанд, бояд масофаро миёни худ ва мухлисону намояндагони расмӣ риоя кунанд.
Пас аз мусобиқа минтақаи намояндагони расонаҳои хабарӣ бояд берун ва шумораи одамон бояд то ҳадди ниҳоӣ кам бошад.ими зиндаи ҷоизасупорӣ маслиҳат дода намешавад. Беҳтараш чораҳои алтернативии рақамӣ истифода гардад.
World Athletics бовар дорад, ки дастурамал "коромад" хоҳад буд ва бо пайдо шудани маълумоти дақиқу илман тасдиқшуда бозбинӣ мегардад.