Аз баҳси “баҳои ду" то муҳлат барои ислоҳ: ёвари Президент сафараш ба Мастчоҳро шарҳ дод

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бозтоби сафараш ба ноҳияи Мастчоҳро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Раҳмонзода сафари корияшро дар ҳоле шарҳ дод, ки ду рӯз пеш портали интернетии “Дурбин” доир ба сафари кории ӯ ба ноҳияи Мастчоҳ хабар чоп шуд, ки гӯё “Ёрдамчии Президент ба кору фаъолияти сокинони ноҳия баҳои 2 гузоштааст”.

Шифоёбӣ ва сипосгузории Қурбон Тӯраев, раиси собиқи Истаравшан аз мардуми Тоҷикистон

Ба гуфти ёвари президент як рӯз пеш аз ин хабар Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд аз сафари кории ӯ ба ноҳияи Мастчоҳ тавассути АМИТ “Ховар” ва саҳифаи Facebook – и худ хабар дода, аз рафти корҳои анҷомёфта гузориш интишор карда буд.

“Дар ҳақиқат мо дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳар як иншоот дидан карда, ба сохтмончиёне, ки бо ҳисси баланд заҳмат мекашанд, изҳори ташаккур намудем. Камбудиҳои ҷойдоштаро, ки дар ҳар як иншоот ба назар мерасид, ба роҳбарони он иброз карда, то санаи 20 июн барои ислоҳи онҳо муҳлат муқаррар менамудем”,-гуфтааст Раҳмонзода.

Номбурда гуфтааст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ касри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст, варзишгоҳ барои 10000 тамошобин, як қаср барои паҳлавонон, ду корхонаи паррандапарварӣ, шуъбаи маориф, ду кўдакистон, се мактаб бунёд шуда, дар ин иншоот сохтмончиён бо ҳисси баланд фаъолият доранд.

Омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ дар Хатлон: ҷавононро ронандагиву ошпазӣ ва ... меомӯзанд

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ин ободкориҳо рўҳбаланд шуда, хонаҳои зебои ду ва сеошёна бунёд доранд ва рўзҳои шанбе ва якшанбе ба ҳашар баромада, гирду атрофи дару девори худро ба тартиб медароранд ва дар ободии кўчаву роҳравҳо саҳм мегузоранд.

Ӯ ҳамчунин аз бунёди иншооти дигар дар ин минтақа ёдовар шуда, гуфтааст, барои татбиқи супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ изҳори ташакур намудем.

“Ин ҳамаро нодида гирифтан ва баҳои “ду” гузоштан ба пиндошти мо ноадолатист”,-таъкид кардааст ёвари президент.

Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфтааст, дар чунин вазъияти нозук рўзноманигорони моро зарур аст, ки бо таҳаммул, дар доираи одоби касбӣ ва меъёрҳои мавҷуда андеша ронда, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро ба таври холисона тасвир намоянд ва ҳар як воқеаро аз нуқтаи назари ҳақиқати иҷтимоӣ ва таърихӣ баҳогузорӣ кунанд.

Имсол дар назар аст ҷашни асосии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ҳузури роҳбари давлат дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд баргузор гардад

Мастчоҳ дар интизори Эмомалӣ Раҳмон: ёвари президент омодагии ноҳияро санҷид

Гуфта мешавад, дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани наздики 30 иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар назар аст.