"Ба ҷазои қонунӣ омодаам": Ефремов аз хонаводаи мотамзада пӯзиш пурсид - навор

Актёри машҳури рус Михаил Ефремов дар муроҷиати видеоӣ ба мардум изҳор доштаст, ки омодааст бар тибқи қонун ҷазои созгор гирад ва ба ҳеҷ ваҷҳ кӯшиши аз ҷавобгарӣ гурехтанро намекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik. Михаил Ефремов пас се рӯзи садамаи нақлиётӣ, ки ба айби худаш иттифоқ афтод, муроҷиати видеоӣ сабт намуд.

Дар муроҷиати хеш ба тамоми мардум, ҳунарманд аз хонаводаи Сергей Захаров узр пурсид ва изҳори омодагӣ ба расондани ҳамагуна кумак ба онҳо намудааст.

"Ман намедонам, ки чӣ гуна ва бо кадом суханон аз оилаи Сергей Захаров бахшиш пурсам, чун медонам онҳо маро намебахшанд.

Ман албатта ба онҳо дар ҳама ҳолатҳо кӯмак хоҳам кард, агар онҳо қабул кунанд", - бо таассуф изҳор доштааст Ефремов.

Ӯ мегӯяд, омодааст бар тибқи қавонин ҷазои созгор гирад, чун гуноҳи ӯ нобахшиданист.

"Ман ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекунам, ки аз ҷавобгарӣ бо кӯмаки дӯстони баландмақоми худ дар канор монам".

Зимнан, Ефремов илова намудаст, ки сазовори бахшиши зану фарзанд ва ҳамаи он нафароне, ки ба ӯ бовар доштанд, нест.