ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пас аз гирифтани таъйиди Маҷлиси миллӣ, имзои президент ва рӯзи нашр шуданашон дар нашрияҳои расмӣ қувваи қонунӣ мегиранд.
“Маҷлиси миллӣ эълон кард, ки ҷаласаи навбатиашро 26 июн баргузор мекунад. Агар ин тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ кард, боз зарурати имзои президент аст, ки ҳадди ақал як ҳафтаи дигар вақт мегирад. Умедворем, ки то имзои президент вазъ беҳбуд ёбаду зарурати амали чунин тағйиру иловаҳо ва ҷаримаҳо намонад”, - гуфт Равшан Раҷабзода.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ва дар тақвияти моддаи 374 (тайёр кардан, нигоҳ доштан, воридот, ҳамлу нақл ва паҳн кардани маҳсулоти мамнуи воситаҳои ахбори омма, дигар маҳсулоти чопии манъшуда дар ҳудуди Тоҷикистон) – и кодекси мазкур як моддаи нав зам кард.
Ин тағйиру иловаҳоро 10 июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон муаррифӣ намуд ва Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон далоили таъйид ва мувофиқати Маҷлиси намояндагон ба онҳоро баён дошт.
Чӣ тағйир хӯрд ва чӣ илова шуд?
Моддаи 207
Қисми 2 – и моддаи 207 - и Кодекси ҷиноӣ тағйир хӯрд. Дар гузашта ин қисми модда ҷазо барои нақзи он қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дар назар дошт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон мешаванд. Ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ мешуд.
Ҳоло ин қисм он ҷазо барои нақзи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дар назар дорад, ки ҳангоми буруз ва густариши маризии барои инсон хатарнок ё ҳангоми иҷрои тадобири маҳдудкунандаи қарантинӣ аз беэҳтиётӣ ба маризшавии оммавӣ ё масмум шудани одамон меорад.
Мӯҳлати ҷазо тағйир нахӯрдааст, аммо ба моддаи 207 қисми 3 илова мешавад, ки бино ба он, кирдори дар ду қисми болои модда зикршуда агар аз беэҳтиётӣ сабаби расидани зарари шадиди ҷисмонӣ ба саломатӣ, ё бо вирус олуда шудани нафси эминӣ (иммунодефитсит)-и одам, ё марги як ё чанд нафар шавад, аз панҷ то даҳ соли зиндон ҷазо мегирад.
Моддаи 112
Қисми 2 – и моддаи 112 низ амалан нав шуд. Агар дар таҳрири қаблӣ ин қисм ҷазои маъмурӣ барои такрори кирдори зикрёфта дар қисми 1 – нақзи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологиро дарбар мегирифт, ҳоло комилан тағйир хӯрдааст. Акнун нақзи он қоидаю меъёрҳое дар назар дошта мешавад, ки замони буруз ва густариши маризии барои инсон хавфнок, ё ҳангоми иҷрои маҳдудиятҳои қарантинӣ ё риоя накардани дастур (қарор) - ҳо, ё талаботи мақомот (афроди масъул), ки назорати санитарию эпидемиологиро дар замони иҷрои тадобир назорат мекунанд, иттифоқ меафтанд.
Ҷарима ҳам барои ашхоси ҳақиқӣ аз 7 то 12, соҳибкорони муҷаввиздор аз 20 то 30, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 40 то 60, афроди соҳибмансабон аз 60 то 80 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои хисобҳо муайян шудааст.
Гузашта аз ин, барои тақвияти қисми 2 қисми 3 афзуда мешавад, ки бино ба он, кирдори дар қисмҳои 1 ва 2 такрорёфта тайи як сол муҷозоти шадидтар доранд, аз ҷумла барои ашхоси ҳақиқӣ аз 15 то 20, соҳибкорони муҷаввиздор аз 30 то 40, соҳибкорони шаҳодатномадор аз 60 то 80, афроди соҳибмансаб аз 40 то 50 ва ашхоси ҳуқуқӣ аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.
Моддаи 113
Унвони моддаи 113 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – “Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия” бо вожаҳои “ва дигар бемориҳои сирояткунанда” пурра шуда, бар он як қисми нав – қисми 1 илова мешавад.
Бино ба қисми 1, ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ алорағми талаботи ниҳоди масъули давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Моддаи 374 (1)
Ин моддаи нав такмили моддаи 374 аст, ба шарҳи зер: интишори иттилооти нодуруст бо истифода аз расонаҳо, интернет ё соири шабакаҳои иртиботии барқӣ.
Тавзеъи ин қабил иттилоот дар сурати буруз ва густариши бемориҳои хатарнок барои инсон ё ҳангоми анҷоми иқдомоти маҳдудкунандаи қарантина, ё маълумоти ғайривоқеии равишҳо ва усулҳои иқдомоти муҳофизатӣ ва дигар иқдомоти анҷомшуда барои таъмини амнияти ҷамъият бо ҷаримаи афроди ҳақиқӣ дар ҳаҷми аз 10 то 20 нишондиҳанда барои хисобҳо ё бодошти маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз ва афроди ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда барои хисобҳо муҷозот хоҳанд шуд.
Кош, кор надиҳад
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ва маҳз дар боби риоияи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ бардошти ҳукумати Тоҷикистон аз маъракаи мубориза бо “вируси корона” ё COVID – 19 метавон унвон кард. Мунтақидони ин тағйиру иловаҳо бар инанд, ки ҷаримаҳои сангин метавонанд барои авҷи ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидат кунанд.
Як фаъоли ҷомиаи маданӣ, ки нахост номаш зикр шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, механизми иҷрои ин қавонин дақиқ нестанд ва мақомоти нозир метавонанд ба ҳар баҳона як нафарро барои надоштани ниқоб ё нашри иттилои нодуруст муттаҳам кунанд.
“Маълум нест, ки масалан, мардум кай метавонанд бе ниқоб гарданд. Як умр намегарданд ку. Акнун ҳар корманди милиса метавонад ҳар каси дилхоҳашро боздошт ва муҷозот кунад. Агар кор ба суд кашад, он ҷо бар пояи чӣ ҳукм хоҳанд кард? Ё иттилои нодуруст чӣ маъно дорад? Оё дар замони эпидемия ё пандемия фақат иттилои расмӣ баёни воқеият аст? Аз мушкилиҳо набояд гуфт? Суолҳо зиёданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон мегӯяд, нигарониҳои мардум дар ин боб асос надоранд, зеро қонунро ҳанӯз Маҷлиси миллӣ таъйид накарда, аз сӯи президент имзо нашудааст, ки ин тақрибан 20 – 25 рӯзи дигар вақт мегирад.
“Пӯшидани ниқоб доимӣ нест. Ҳамин ки Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз “вируси корона” ё COVID – 19 эълон кард, ки вазъи санитарию эпидемиологӣ ба эътидол омадааст ва мардум метавонанд озод дар кӯчаву бозор гарданд, иҷрои қонун ҳам мутаваққиф мешавад. Умедворем, ки то имзои президент вазъи сиҳӣ беҳбуд ёбад, дар сарзамини мо дигар эпидемия пайдо нашаваду ин қонун ҳам кор надиҳад”, - гуфт Равшан Раҷабзода.
Тоҷикистон амалан аз моҳи январ ба ин сӯ тадобири мубориза бо “вируси корона” ё COVID – 19 – ро роҳандозӣ мекунад. Аввалин мавориди ин маризӣ 30 апрели соли равон эълон шуданд.
Тибқи омори расмӣ, то 11 июн дар кишвар 4834 ба ин маризӣ гирифтор шуда, 3062 (63,3%) шифо ёфтаанд ва 49 нафар фавтидаанд.