ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионии "Сафина" ва "Баҳористон" барои хонандагони синфҳои 9 ва11 дарсҳои фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре Вазорати маориф дар вебгоҳаш иттилоъ додааст, дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ барои синфҳои 9 ва 11, бо мақсади пурра азхуд шудани барномаи таълимӣ, инчунин омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ амалӣ мешаванд.
"Ҷиҳати иҷрои ин нақша, семинари омӯзишӣ барои 75 нафар омӯзгори фанҳои таълимии табиию риёзӣ ва дақиқ (алгебра, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) ташкил ва баргузор гардид", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, сабти маҷмӯи аввали 120 дарси телевизионӣ бо давомнокии аз 15 то 20 дақиқа идома дорад.
Ҳамзамон, филмҳои аниматсионӣ, ки дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд пешакӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳия гардидаанд, тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд.