Ситоиши Помпео аз Ӯзбекистон барои озодии динӣ

Майк Помпео ёдоварӣ кард, ки бо раҳбарони динии кишвар замони сафараш ба Ӯзбекистон дар соли 2020 суҳбат карда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео Ӯзбекистонро барои рушди озодии динӣ тафсиф кард, хабар медиҳад РИА Новости.

"Дар Ӯзбекистон талошҳо барои беҳтар кардани сатҳи кишвар дар раддабандии озодии эътиқод идома дорад", - гуфт Помпео дар ҳамоиш.

Ба гуфти ӯ дар гузориши навбатии солонаи ИМА дар бораи озодии эътиқод, дар Ӯзбекистон нисбати ягон ташкилоти динӣ рейд баргузор нашудааст, дар қиёс бо соли 2018, ки 114 рейд баргузор карда буду соли 2017 - 240.

Сафари Помпео ба Осиёи Марказӣ: чӣ гуна бояд муколамаро густариш дод

Майк Помпео ёдоварӣ кард, ки шахсан бо раҳбарони динии кишвар замони сафараш ба Ӯзбекистон дар соли 2020 суҳбат карда буд.

Ёдрас мешавем, ки Майк Помпео аз Тошканд боздид кард ва дар саммити "C5+1" ширкат намуд.

Амрико Тоҷикистонро ба нақзи озодиҳои динӣ муттаҳам мекунад

Дар ин сафараш ӯ бо ҳамтоёни узбеки худ дидору мулоқот кард ва бо президенти кишвар Шавкат Мирзиёев низ гуфтугӯ намуд. 

Дар ин мулоқот масъалаҳои амнияти минтақавӣ аз ҷумла вазъи Афғонистон баррасӣ шуд. Дар баробари ин Вашингтон хабар дод, ки  омода аст барои ислоҳоти иқтисодии Ӯзбекистон 1 миллиона доллар ҷудо кунад.