Куштори пурсарусадои Чуев: Додситони кулли Русия парвандаро ба додгоҳ фиристод

Дар куштори варзишкори рус чанд шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешаванд. Ин парванда пас аз он "машҳур" шуд, ки дар интернет аксҳои тақҳиромези гумонбарони куштор - чанд муҳоҷири тоҷик нашр шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Додситони кулли Русия хабар дод, ки тафтишоти пеш аз додгоҳии куштори пурсарусадои варзишкори рус Сергей Чуевро ба анҷом расонидааст. 

Прокуратура иттиҳомотеро, ки ба гумонбарони куштор, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон таҳдид мекунад, эълон кардааст.

Кумитаи тафтишотии Русия навори бозпурсии гумонбар дар қатли Чуевро нашр кард

 "Вобаста аз нақш ва дараҷаи ҷиноятҳои содиршуда гумонбарон тибқи моддаи 111, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Русия (дидаву дониста расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида мегардад), моддаи 213 қисми 2, (авбошӣ), моддаи 116 (лату кӯб), моддаи 119, қисми 2 (таҳдиди куштор) муттаҳам мешаванд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳи ноҳиявии Маскав барои баррасӣ ирсол шудааст. Ҷавонони муттаҳам то қарори суд дар боздоштгоҳ мемонанд.

Чуев, устоди варзиш дар куштии юнониву румӣ шаби 7 июни соли 2019, тақрибан соати 23:00 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд.

Додгоҳи Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми куштори Чуев маҳкум кард
Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишкори 34-соларо ба кӯл партофтаанд. Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишкор дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Қаблан дар шаҳри Маскав 4 шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки аксҳои таҳқиромези дар интернет нашршудаи 4 ҷавони тоҷик, ки дар Маскав бо гумони даст доштан дар куштори гуштингири рус Сергей Чуев дастгир шудаанд, мавҷи вокунишҳои хашмолуди корбарони тоҷикро ба бор овард.

Убайдуллоев дар бораи боздошти тоҷикон дар Маскав: ҳам сафорат пайгирӣ дораду ҳам маҷлис

Дар пайи он, мақомоти Тоҷикистон аз мақомоти Русия дархост карданд, ки ба ин қазия баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.