Дуздӣ дар меҳмонӣ: боздошти ҷавоне, ки 80 ҳазори соҳибхонаро гирифту ғайб зад

Мақомоти пулиси ноҳияи Вахш аз боздошти ҷавони 25 сола хабар медиҳад, ки ҳангоми дар меҳмонӣ қарор доштан даст ба дуздӣ задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11  июн — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи дуздӣ шаби 30 май аз ҷониби Суҳроб Даминов сокини шаҳри Бохтар сар задааст.

Боздошти ҷавоне, ки 300 ҳазор сомониро дуздид: қаблан низ суд шудааст

Ба иттилои манбаъ, номбурда ҳангоми дар меҳмонии Зарқараев Муҳиддин қарор доштан хонаи ӯро задааст.

Манбаъ мегӯяд,  Суҳроб Даминов ба боварии соҳибхона даромада шабонгоҳ 80 ҳазор сомонии ӯро гирифта, ҳамон лаҳза фирор кардааст.

ВУД мегӯяд, Даминов дар пайи чораҳои ҷустуҷӯйи боздошт шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз гашта тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин тайи ин рӯзҳо пулиси ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ низ Раҳмиов Садриддини 33 соларо боздошт кардааст, ки дар ғорати дӯкони соҳибкор Солиев Фурқатҷон муттаҳам мешавад.

Гуфта мешавад, номбурда қаблан чор маротиба суд шудаву адои ҷазо намудааст.