Тамоси видеоӣ бо Вашингтон: Раҳмон аз таъмини дорую таҷҳизот гуфт - акс

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо хонум Анна Бйерде, ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон ҳузур дошт, суҳбати видеоӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19-ро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Масҷидҳо кай боз мешаванд? – шарҳи Кумитаи дин

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки “Бонки ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали бақайдгирии сироятёбии ин беморӣ дар Тоҷикистон, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар кишвари мо кӯмакҳои молиявӣ ҷудо кард”.

Ҷонибҳо оид ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус - COVID-19 ва роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии ин беморӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

“Зимни суҳбат таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайдгирии ин беморӣ чораҳои фаврию судманд амалӣ карда шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19-ро таъсис дода, беморхонаҳо барои ин бемории сироятиро бо садҳо кати хоб ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи доруворӣ ташкил намуд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Тамоси видеоӣ бо Вашингтон: Раҳмон аз таъмини дорую таҷҳизот гуфт - акс

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҷараёни табобати беморон, беҳдошти вазъи беморхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мубталоёни ин беморӣ ва таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҳти назорати бевоситаи Президенти Тоҷикистон қарор дорад.