Қарори Рустам дар бораи даъвати тирамоҳӣ ва пешниҳоди рӯйхати дақиқи ҷавонони синни хизмат

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки барои даъвати тирамоҳӣ имсолаи наваскарон омодагии муташаккилона бо ҷалби муассисаҳои таълимӣ то раисони маҳаллаҳо амалӣ карда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik.  Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ дар даъвати баҳории соли 2019 шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993 - 2002 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.

Шикояти волидони сарбозон дар Зафаробод: писаронамонро аз карантин ба хизмат бурданд

Шаҳрдор раисони навоҳии Душанбе, раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии пойтахтро муваззаф кардааст, ки омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд ва ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 сентябри соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

“Даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешида, тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд”,-омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.

Парванда алайҳи раиси ҷамоат: барои озодсозии як ҷавон аз хизмат 2500 доллар талаб кард

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин гуфтааст, ки барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд.

Бар пояи қарори мазкур, раисони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ новобаста аз шакли тобеият вазифадоранд, ки  бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе рӯйхати пурраи ҷавонписарони синни даъватиро дар муҳлати кӯтоҳ барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ пешниҳод намоянд.

Қарори Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, муҳлати даъвати баҳории наваскарон 10 рӯз пеш анҷом шуд.