ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҷалолов Бахтиёр, сокини шаҳри Ҳисор буда, дар 10 рӯзи рухсатӣ аз қисми ҳарбӣ, ба авбошӣ муттаҳам дониста мешавад.
Котиботи Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки номбурда моҳи октябри соли 2019 аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида буд.
Зимнан, дар рафти адои хизмати ҳарбӣ дар асоси фармони командири қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилӣ аз 03 то 12 феврали соли 2020 ба ӯ ба муҳлати 10 шабонарӯз рухсатии навбатӣ дода шуд.
"Ӯ дар давраи дар маҳалли зисташ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор қарор доштан бо рафиқаш МуҳаммадМаҳмадалӣ вохӯрда, шаҳрванди ноболиғ Сангинов Салимҷонро ҳадафи ҷинояти худ қарор додаанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Ҷоғи шикастаю 5 соли зиндон: оқибати латукӯби сарбоз барои як пиёла об
Ҷалолов бо ҳаммаслаки худ дар назди бинои намояндагии ширкати "Мегафон" аз ноболиғ Сангинов барои тамос гирифтан телефони дастияшро дархост намуданд.
Чун ҷавоби рад гирифтанд, Маҳмадалӣ ба кӯфтани ноболиғ шурӯъ кард. Ӯ Сангиновро аз пой афтонд ва аз кисааш телефони ҳамроҳашро гирифта ба Ҷалолов дод ва ҳар ду аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.
Онҳо нахуст симкорти телефонро шикаста ба ҷӯйбор партофтанд ва сипас аз пайи ба фурӯш гузоштани телефон ва ба даст овардани даромади муфт шуданд.
Дар ҷустуҷӯйи харидор буданд, ки аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди маркази дилхушии "Нисо" боздошт шуданд.
"Нисбати Ҷалолов Б. Ш. ва Муҳаммадӣ М. бо моддаи 248 қисми 2 банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасарруфи ошкорои молу амвол) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд", - омадааст дар хабар.
Зимнан, додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Ҷалолов Бахтиёр ва Муҳаммадӣ Маҳмадалиро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, нисбаташон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 солӣ таъйин намуд.