Радабандии кишварҳои амн аз коронавирус: Тоҷикистон қариб дар ҷои ниҳоӣ

Кишварҳои амнтарин аз коронавирус ва дорои вазъи эпидемиологии созгор Швейсария, Олмон, Исроил, ва Ҷопон гуфта мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои амн аз COVID-19 байни 200 кишвар ҷои 124-умро гирифтаст. Ин оморро ташкилоти Deep knowledge group тартиб додааст.

Байни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои 71-умро Қазоқистон, Қирғизистон – 108, Ӯзбекистон - 121 ва Туркманистон 131 гирифтаанд.

Болову поинравии нархи “Арбидол”: суду зиёни харидорону фурӯшандаҳо дар даври коронавирус
Ин радабандӣ дар асоси 130 нишондод ба мисли омилҳои самаранокии карантин, таҳлил ва ташхиси беморӣ ва омодагии вазорати тандурустӣ ба пандемия тартиб дода шудааст.

 

Коршиносон ҳамчунин ба замони эълон кардани маҳудудиятҳо, миқиёси он, давомнокии карантин ва риояи он, иқдомҳои дастгирии иқтисодии аҳолӣ аз ҷониби давлат аҳамият додаанд.

Бояд қайд кард, ки ба панҷгонаи аввали радабандӣ Швейсария, Олмон, Исроил, Сингапур ва Ҷопон ворид шудаанд.

Вазири сахтгир: Абдуллозода гурӯҳи кориро ба санҷиши шароити беморони коронавирус фиристод

Мавқеи ниҳоиро Лидерия, Афғонистон, Чад, Мали ва Судони Ҷанубӣ касб кардаанд.

Ёдрас мешавем, тайи бештар аз як моҳ дар Тоҷикистон 4 609 тан ба коронавирус гирифтор шуда, 48 тан фавтиданд.

Бино бар иттилои Вазорати тандурустӣ, сатҳи сироятёбӣ дар кишвар коҳиш меёбад.