Устондори Кобул: эҳтимол дорад зиёда аз миллион нафар гирифтори коронавирус бошанд

Устондори Кобул ва сарпарасти Вазорати беҳдошти Афғонистон, таъкид доштааст, ки теъдоди воқеии фавтидаҳо ва беморони коронавирус дар ин кишвар нисбат ба он оморҳое, ки дар расонаҳо нашр мешаванд ба маротиб зиёд мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ, устондори Кобул ва сарпарасти Вазорати беҳдошти Афғонистон, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфт, эҳтимол дорад беш аз як миллион нафар фақат дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба бемории коронавирус мубтало шуда бошанд, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей” дар истинод ба хабаргузории Ово.

Дар Афғонистон теъдоди дардмандони коронавирус марзи 19 ҳазор нафарро убур кард

Бино бар иттилои манбаъ, устондори Кобул аз тамоми шаҳрвандони Афғонистон хост, то тавсияҳои Вазорати беҳдоштро ҷиддӣ бигиранд ва аз гаштугузорҳои ғайризарурӣ худдорӣ кунанд, зеро бетаваҷҷӯҳии онон ба фоҷеа дар ин кишвар хоҳад анҷомид.

Аҳмадҷаводи Усмонӣ, сарпарасти Вазорати беҳдошти Афғонистон низ дар ин нишасти хабарӣ, дар бораи шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар гуфт, ки оморҳои воқеӣ ба маротиб даҳҳо баробар бештар аст ва бемористонҳо беш аз зарфият, бемор дар худ ҷой додааст.

Вай афзуд, рӯзи шанбе 582 нафари дигар ба коронавирус дар Афғонистон мубтало шудаанд ва шумори кулли беморон, 19 500 нафар ва фавтиҳо ҳам ба 327 нафар