Тағйироти кадрӣ: Баъди боздошти Баҳромзода Вализода Абдуқодир раиси шаҳри Кӯлоб шуд

Дар пайи боздошти Баҳром Иноятзода, собиқ Раиси шаҳри Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойи ӯ Вализода  Абдуқодир Исуфро таъйин кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik.  Вализода  Абдуқодир Исуф то ин замон раҳбарии шаҳри Турсунзодаро ба зима дошт.

Дар ин бораи Фирӯз Холиқов сухангӯи ҳукумати шаҳри Турсунзода дар сафҳам фейсбукияш хабар додааст.

Боздошти раиси шаҳри Кӯлоб аз сӯи Кумитаи амният

Ба навиштаи Холиқов имрӯз дар асоси фармони президенти кишвар Вализода  Абдуқодир Исуфро аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъйин гардид.

Ба иттилои манбаъ, зимни маҷлиси охирин бо фаъолони шаҳр Вализода аз ҳаммаи сокинони Турсуснзода изҳори ташаккур кардааст, ки дар замони корияш бо ӯ якҷо барои ободии ин минтақа заҳмат кашиданд.

Вализода  Абдуқодир аз моҳи февради соли 2018 тайи қариб дус ол дар вазифаи раиси шаҳри Турсунзода фаъолият намудааст

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон бо фармони президент Акрамзода Парвиз Акрам, ки 2 сол кабл аз вазифаи муовини якуми раиси шахри Турсунзода раҳбари ноҳияи Ховалинг таъйин шуда буд,  раиси нави Турсунзода таъйин гадид.

Ёдовар мешавем, Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон имрӯз собиқ Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро   бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир кард.