ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур шикоят овардааст.
Ба иттилои манбаъ, санаи 28-уми майи соли ҷорӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 20 ҳазору 40-доллари амрикои ва 8 ҳазору 600-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Манбаъ мегӯяд, зарари расонидашуда 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми гзаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 158 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.