ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бо илова шудани 25 ҳолати ҷадид, сафи дардмандони маризии сироятии коронавирус ба 2032 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Қирғизистон.
Ба иттилои муовини вазири тандурустӣ Нурболот Ҳусейнбоев, шабонарӯзи ахир як бемори дигар аз маризии коронавирус фавтид.
Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард
"Марҳум сокини вилояти Нарин буда ба худдармонӣ машғул шудааст", - тавзеҳ додааст муовини вазири тандурустӣ.
Ба гуфтаи ӯ зани 67 - сола муддати се рӯз дар хонаи худ табобат гирифта, дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шудааст.
"Пизишкон ташхиси ӯро гирифторӣ ба COVID -19 арзёбӣ карданд ва ин беморӣ дар бадани зан аллакай дар шакли вазнин мегузашт. Табибон натавонистанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд", - афзуд муовини вазир.
Ба ҳамин минвол, дар Қирғизистон ҷамъан 23 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд.
Қаблан намояндагони Вазорати тандурустӣ аз риоя нашудани қоидаҳои эпидемиологӣ миёни мардум изҳори нигаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки агар шаҳрвандон аз баргузории тӯй ва иштирок дар маросими азодорӣ даст накашанд, тадобири пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус боз шадидтар мешаванд.