Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҷорӣ шудани қарантини шадид дар як вилояти Қирғизистон: сатҳи сироятшавӣ 7 фисад афзуд

Дар вилояти Манғистоғ ба иллати афзоиш ёфтани шумори ҳолатҳои ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус, қарантин шадидтар гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Дар вилояти Манғистон бо сабаби ҳафт фисад зиёд шудани ҳолатҳои мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус, чораҳои қарантинӣ шадидтар шуданд.

Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид

Ба хабари Sputnik Қирғизистон, фаъолияти корхонаҳое, ки тоза ба кор баромаданд, боз муттавақиф мешавад.

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

Манбаъ аз қавли сардори Сарраёсати санитарии вилояти Манғистон хабар медиҳад, ки  бо сабаби мушкил шудани вазъи эпидемиологӣ, фаъолияти иншооти зерин манъ карда мешавад:

  • кинотеатрҳо, театрҳо, намоишгоҳҳо, интернет ва клубҳои компютерӣ,
  • қиморхонаҳо;
  • клубҳои шабона;
  • иншооти фароғатӣ (букмекерҳо, билярдҳо, караоке, марказҳои боулинг ва ғайра)
  • тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, утоқҳои зиёфати дорои зиёда аз 30 ҷой.
  • ҳаммомҳо 

Қайд карда мешавад, ки низом ва шартҳои чораҳои карантинӣ вобаста ба тағйир ёфтани вазъи маризии коронавирус дар вилоят метавон дигаргун кунад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Алмаато чораҳои карантинӣ тақвият дода мешаванд.