ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Тадобире, ки алайҳи пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буд, аз ҷониби аксар шаҳрвандони Қирғизистон риоя намешаванд, изҳор доштааст муовини аввали сарвазир Кубатбек Боронов.
"Вазъи эпидемиологӣ дар Бишкек метавонад боиси баррасии чораҳои иловагии амниятӣ ё пурзӯр шудани онҳо гардад", - таъкид намудаст муовини аввали сарвазир.
Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард
Риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби шаҳрвандонро намояндагони Вазорати тандурустӣ низ тасдиқ намуданд.
Дар ҷаласаи Саридораи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус кормандони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки баъзе шаҳрвандон пас аз тую маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба табибон бо гумони гирифтор шудан ба COVID-19 муроҷиат мекунанд.
"Сарфи назар аз мамнӯиятҳо ва тавсияҳо, тӯю азодорӣ дар кишвар бо иштироки шумораи зиёди одамон баргузор мешаванд", - таъкид мегардад дар хабар.
"Вазъи эпидемиологӣ дар Бишкек ташвишовар аст, омор кам намешавад. Қоидаҳои санитарӣ ба қадри кофӣ риоя карда намешаванд. Ин ҳама метавонад ба баррасии чораҳои иловагии амниятӣ ё пурзӯр шудани онҳо оварда расонад. Чунин сурат гирифтани вазъ аз кори нокифояи гурӯҳҳои эпидемиологӣ шаҳодат медиҳад," - гуфт муовини сарвазир.