Дар Русия марҳила ба марҳила чораҳои маҳдудкунандаи COVID - 19, бардошта мешаванд.
Вале, дар Маскав карантинаро тамдид карданд. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин мегӯяд, эҳтимол дорад, бархе аз маҳдудиятҳо то баровардани ваксина нигоҳ дошта шавад.
Дар баробари ин марказҳои савдо низ ботадриҷ кушода мешаванд ва ба чораҳои зиддиуфунӣ мутобиқ мешаванд.
Сабаби ғайриинтизори гирифторӣ ба коронавирус маълум шуд
Аз ҷумла дар дари даромади маркази савдои "Европейский" дар Маскав барои безараргардонии муштариён кабинаҳои махсус гузошта шудаанд.
Дар ин кабинаҳо маҳлули зидди уфунӣ ба монанди буғ сар дода мешавад, ки бадани инсонро аз сар то по аз ҳамагуна вирус пок мекунад.