ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз муноқишаи ахири марзӣ миёни ӯзбекҳо ва қирғизҳо ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин ҳодисаҳо набояд ба дӯстӣ бо мардуми Қирғизистон таъсир расонад.
Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд
Хадамоти матбуоти сарвари Ӯзбекистон мегӯяд, Мирзиёев ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Фарғона ӯзбекҳоро ба таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ бо Қирғизистон даъват кард.
"Солҳои охир мо тавонистем бисёр масъалаҳои марзиро бо кишварҳои ҳамсоя ҳал намоем. Муноқиша дар Сух набояд ба дӯстии мо бо мардуми Қирғизистон, сафарҳои мутақобила ва нақшаҳои умумиамон таъсир расонанд. Мо бояд ором, сабур ва дӯст бошем. Ҳамсоягии мо таърихи ҳазорсола дорад. Халқҳои мо бояд паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ кунанд ва якдигарро эҳтиром кунанд", - афзудааст Мирзиёев.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар манотиқи марзӣ байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон даргирӣ сар зад.
Сокинони ин ду манотиқ ҳамдигарро сангборон намуданд, ки дар натиҷа 25 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Теъдоди захмбардоштагон миёни ӯзбекистониҳо ҳам кам набуд.